Ҷаласаи Шӯрои нозирони МОИ дар ҳузури муовини аввали нахуствазир

Дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и кишвар доир гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон ин Шӯроро раисӣ мекунад, аз ҳозирин дархост кард, ки мушкилот ва монеъаҳо дар рушди МОИ-и Тоҷикистонро муайян намуда, баҳри […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и кишвар доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон ин Шӯроро раисӣ мекунад, аз ҳозирин дархост кард, ки мушкилот ва монеъаҳо дар рушди МОИ-и Тоҷикистонро муайян намуда, баҳри бартараф кардани онҳо роҳу воситахо ва тадбирҳо пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа оид ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар тавсияҳо ба ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.