Савгандёдкунии беш аз 140 афсарони милитсияи тоҷик

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар дар саҳни Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавии қасамёдкунии курсантоне, ки имсол ба Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуданд ва кормандоне, ки нав ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд,  бошукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар дар саҳни Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавии

қасамёдкунии

курсантоне, ки имсол ба Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуданд ва кормандоне, ки нав ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд,  бошукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин маросими бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, роҳбарияти раёсатҳо, собиқадорон, ҳайати шахсии ВКД, падару модарон ва наздикони шунавандаҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин маросими савгандёдкунӣ 140 нафар афсарони ҷавон, ки аз ин 64 нафарашонро шунавандагони Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи ВКД Федератсияи Россия ташкил медоданд, ботантана қасам ёд карданд.

Пас аз савганд ёд кардан афсарони ҷавон дар сафҳои воҳидҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии кишвар ба фаъолият мепардозанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.