Семинари умумиҷумҳуриявии ВКД оид ба мубориза бо ГМҶ



Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд семинар-ҷаласа дар мавзӯи «Коркарди оперативӣ-агентурӣ: ташкил ва тактикаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (ГМҶ)» оғоз гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, семинар-ҷаласаи мазкур, то 20-уми августи соли равон идома ёфта,  он асосан ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст.

Дар ин семинар намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла аз ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Хадамоти гумрук, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Вобаста ба самтҳои фаъолияти оперативӣ дар мавзӯҳои гуногун мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухориев Мансур Ғоибович, муовини сардори Академия полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, полковники милитсия Қосимова Маҳбуба Абдунабиевна  маърӯза хоҳанд кард.

spot_imgspot_img

Популярное