Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 15-17-уми октябр баргузор намудани форуми бузурги байнулмилалии сармоягузорӣ бо иштироки доираҳои тиҷоратии дохили кишвар ва давлатҳои хориҷиро дар нақша дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар доираи кори форум вохӯрии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва кишварҳои манфиатдори хориҷӣ дар назар аст.
«Зимни вохӯрии президент бо намояндагони тиҷорат оид ба мушкилоти роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистон ва роҳу воситахои бартараф кардани ин мушкилот табодули назар сурат хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, корҳои омодагии форуми сармоягузорӣ ба дӯши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ вогузор шудааст.
«Ҳамаи хоҳишмандони иштирок дар форум ва дорои пешниҳод оид ба омодакунии он метавонанд ба кумитаи тадорукоти назди Кумитаи мазкур муроҷиат намоянд», – афзуд сарчашмаи хабар.



