Душанбе ба форуми бузурги сармоягузорӣ омодагӣ мегирад

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 15-17-уми октябр баргузор намудани форуми бузурги байнулмилалии сармоягузорӣ бо иштироки доираҳои тиҷоратии дохили кишвар ва давлатҳои хориҷиро дар нақша дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар доираи кори форум вохӯрии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва кишварҳои манфиатдори хориҷӣ дар назар аст. «Зимни вохӯрии […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 15-17-уми октябр баргузор намудани форуми бузурги байнулмилалии сармоягузорӣ бо иштироки доираҳои тиҷоратии дохили кишвар ва давлатҳои хориҷиро дар нақша дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар доираи кори форум вохӯрии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва кишварҳои манфиатдори хориҷӣ дар назар аст.

«Зимни вохӯрии президент бо намояндагони тиҷорат оид ба мушкилоти роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистон ва роҳу воситахои бартараф кардани ин мушкилот табодули назар сурат хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, корҳои омодагии форуми сармоягузорӣ ба дӯши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ вогузор шудааст.

«Ҳамаи хоҳишмандони иштирок дар форум ва дорои пешниҳод оид ба омодакунии он метавонанд ба кумитаи тадорукоти назди Кумитаи мазкур муроҷиат намоянд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.