Таъмири яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт бо маблағи 16,7 млн. сомонӣ

Роҳи мошингарди яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт – Исмоили Сомонӣ, ки аввали моҳи август барои таъмир баста шуд, 26-уми август барои ҳаракати нақлиёт боз мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод. «Таъмири асосии роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ аз Кохи президент то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бо […]

Аваз Юлдошев



Роҳи мошингарди яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт – Исмоили Сомонӣ, ки аввали моҳи август барои таъмир баста шуд, 26-уми август барои ҳаракати нақлиёт боз мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.

«Таъмири асосии роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ аз Кохи президент то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бо масофаи 2,5 километр дар доираи омодагии шаҳр ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ (11-12-уми сентябр) анҷом дода мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ш.Саидов, барои таъмири роҳи мошингарди мазкур аз буҷети шаҳр 16,7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.