Facebook бо забони тоҷикӣ дастрас аст

Шабакаи иҷтимоии маъруфи Facebook дар Тоҷикистон акнун бо забони тоҷикӣ низ дастрас аст. Дар гӯшаи забони саҳифаи Facebook дар баробари беш аз 50 забонҳои дигар акнун метавон «тоҷикӣ»-ро интихоб намуд ва дар натиҷа саҳифа пурра бо забони тоҷикӣ дастрас мешавад. Акнун ба ҷойи Like метавон тугмаи «Маъқул», «Комментарий» – «Шарҳ додан», «Сообщение» – «Паёмдон»-ро пахш […]

Меҳрангез Турсунзода



Шабакаи иҷтимоии маъруфи Facebook дар Тоҷикистон акнун бо забони тоҷикӣ низ дастрас аст. Дар гӯшаи забони саҳифаи Facebook дар баробари беш аз 50 забонҳои дигар акнун метавон «тоҷикӣ»-ро интихоб намуд ва дар натиҷа саҳифа пурра бо забони тоҷикӣ дастрас мешавад.

Акнун ба ҷойи Like метавон тугмаи «Маъқул», «Комментарий» – «Шарҳ додан», «Сообщение» – «Паёмдон»-ро пахш намуд. «Обновить статус» – «Нав кардани статус» тарҷума шуда, вақти интишори статус ба унвони «Вироишшуда» зикр мегардад.

Дар Facebook нишон дода шудааст, ки интерфейс ба забони тоҷикӣ танҳо 45% тарҷума шудааст. Аз ин рӯ, шабака ба ҳар кадоме аз корбарон имконият медиҳад, ки дар кори тарҷумаи интефейс кумак намоянд. Метавон варинатҳои тарҷумаро пешниҳод карда, барои варианти мақбул овоз дод. Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев мегӯяд, ташаббуси тарҷумаи интерфейси Facebook ба забони тоҷикӣ беш аз як сол пеш оғоз гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти гуногун, аз аҳолии 8 миллионнафараи Тоҷикистон 90 ҳазор шаҳрвандони кишвар аз шабакаи иҷтимоии Facebook истифода мекунанд, ки синнашон аз 18 то 30-сола ва 72%, яъне 66 ҳазор нафарашон мардон ва 28%, яъне 24 ҳазор нафарашон занон мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.