Таваҷҷуҳи Ҷопон ба сабзавоту меваи Тоҷикистон

Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) вохӯрии соҳибкорон – аъзои Палата бо роҳбари Ташкилоти Ҷопон оид ба рушди савдои хориҷӣ (JETRO) Манабу Симоясиро ва ҳамоҳангсози ин ташкилот Нодира Муҳаммадқулова доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ПСС ҶТ, ҳадафи боздиди намояндагони Ташкилоти Ҷопон ба Душанбе фароҳам овардани шароит барои соҳибкорони ватанӣ […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) вохӯрии соҳибкорон – аъзои Палата бо роҳбари Ташкилоти Ҷопон оид ба рушди савдои хориҷӣ (JETRO) Манабу Симоясиро ва ҳамоҳангсози ин ташкилот Нодира Муҳаммадқулова доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ПСС ҶТ, ҳадафи боздиди намояндагони Ташкилоти Ҷопон ба Душанбе фароҳам овардани шароит барои соҳибкорони ватанӣ – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати тавсеъаи тиҷорат ва афзоиши сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон тавассути иштироки онҳо дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Ҷопон аст.

Муовини раиси ПСС ҶТ Одил Сангов дар ин робита изхор намудааст, ки имрӯз соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи зиёд доранд.

«Тоҷикистон бозори рақобатнокии баланд буда, бо кумаки шарикони мо, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мо робитаҳои судманд бо доираҳои тиҷоратии кишварамонро роҳандозӣ намуда, барои тавсеъаи тиҷорат ва сармоягузории судманд барои тарафайн шароитҳои зарурӣ фароҳам меоварем», – гуфтааст Манабу Симоясиро.

Одил Сангов ҳамчунин зикр кардааст, ки Тоҷикистон ба Ҷопон маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла мева, ситрусӣ, шарбати сабзавоту мева, оби минералӣ, хушкмева, маҳсулоти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар навъҳои маҳсулотро пешниҳод карда метавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.