ҲХДТ ба китобхонаи Норак китобҳои пешвои худро тақдим кард

Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 20 августи соли 2014 дар шаҳри Норак Рӯзҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва ҷамъбасти озмуни Ҷоизаи «Фаъолону ҷонибдорони беҳтарини  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ба китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»  китоби президенти Тоҷикистон, […]



Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 20 августи соли 2014 дар шаҳри Норак Рӯзҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва ҷамъбасти озмуни Ҷоизаи «Фаъолону ҷонибдорони беҳтарини  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ба китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»  китоби президенти Тоҷикистон, раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро бо соядасти сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ супорид. Дар суханрониҳои худ раиси КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон  Аҳмадҷон Ализода,раиси шаҳри Норак, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Миралӣ Раҷабзода вобаста ба таърих, дастовардҳои ҳизб дар тӯли 20 сол ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки бояд ҳар аъзои ҳизб мутафиқона тамоми кӯшишу ғайраташро баҳри амалӣ гардондани нақшаву барномаҳои воқеиии ҲХДТ равона намуда, ҷиҳати ба  ҳадафҳои созандаи ҳизб ноил гардидан саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷоми Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Норак дар боғи марказии шаҳр барномаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ ва  Намоишгоҳи дастовардҳо доир гардида, ба ғолибони озмуни «Фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ» Ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.