Кормандони АНМН боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро безарар гардониданд

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро безарар гардониданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони оперативии Агентӣ кӯшиши интиқоли миқдори махсусан калони маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба Федератсияи Россия пешгирӣ намуданд. Дар натиҷаи амалиёти […]



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро безарар гардониданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони оперативии Агентӣ кӯшиши интиқоли миқдори махсусан калони маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба Федератсияи Россия пешгирӣ намуданд.

Дар натиҷаи амалиёти байналмиллалии бисёрмарҳила, ки якчанд моҳ давом ёфт, кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда” фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки хислати байналмиллалӣ дошт, қатъ намуданд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовари навъи гашиш мусодира гардида, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт гардиданд.

Дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” таҳти идораи зода ва сокини ноҳияи Фархор, якҷоя бо мусофири автомашина – сокини ҳамин ноҳия боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина 77 дона баста бо маводи бӯи ғализ дошта дарёфт гардид.

Мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи мусодирашуда гашиш буда, вазнаш 100 кг-ро ташкил менамояд.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ боз як аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша – сокини 53-солаи вилояти Тахори Афғонистон дастгир гардид.

Нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша қарор карда шуд, ки гурӯҳи байналмиллалии тафтишотӣ созмон дода шавад. Ин дуюмин амалиёт дар давоми як моҳи охир мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.