Суди олӣ: Rolkan оид ба ҳавопаймоҳои мусодирашуда муроҷиат накардааст

Маълумоти аввали ҳафтаи равон интишоршуда дар бораи муроҷиати раҳбарияти ширкати русиягии Rolkan Investments Ltd ба Суди олии Тоҷикистон бо дархости бекор кардани қарори соли 2011 қабулшуда оид ба мусодираи ду адад ҳавопаймои АН-72 ва ба моликаш баргардонидани онҳо асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Суди олии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода хабар дод. […]



Маълумоти аввали ҳафтаи равон интишоршуда дар бораи муроҷиати раҳбарияти ширкати русиягии Rolkan Investments Ltd ба Суди олии Тоҷикистон бо дархости бекор кардани қарори соли 2011 қабулшуда оид ба мусодираи ду адад ҳавопаймои АН-72 ва ба моликаш баргардонидани онҳо асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Суди олии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода хабар дод.

«Раҳбарияти Rolkan Investments Ltd дар бораи бекор кардани қарори мусодираи ду адад ҳавопаймои АН-72 ва ба моликаш баргардонидани онҳо расман бори охир аввали соли 2013 муроҷиат намуда буд, аммо 26-уми феврали соли гузашта Cуди олии Тоҷикистон расман дархости онҳоро рад кард», – қайд кард Амирбекзода.

Дар идома ӯ зикр кард, ки пас аз ин аз ҷониби намояндагони ширкати ҳавопаймоии русиягии Rolkan Investments Ltd ба унвони Суди олӣ дигар ҳеҷ муроҷиате ворид нашудааст.

Қобили зикр аст, ки қазияи марбут ба ҳавопаймоҳои Ан-72 ҳанӯз соли 2011, ҳангоме ки халабонон (лётчикҳо)-и Rolkan Investments Ltd аз Кобул баъди интиқоли бор ба нерӯҳои ISAF бармегаштанд, рух дод. Халабонон барои убури марзи Тоҷикистон иҷозатнома доштанд. Аммо диспетчерҳо изҳор намуданд, ки иҷозатнома мавҷуд нест ва баргаштани ҳавопаймоҳоро талаб карданд. Чун сӯзишворӣ дар арафаи анҷомрасӣ буд, ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нишаста, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуданд.  

Суд халабононро гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард, вале бар асоси қонуни афв онҳо аз толори суд озод карда шуданд. Ҳавопаймоҳо бошанд, ба тавозуни Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон гузаронида шуданд, ки метавонад онҳоро ба савдо гузорад. Аммо тибқи маълумоти мавҷуда, ҳавопаймоҳо то ҳол дар қаламрави фурудгоҳи Қӯрғонтеппа қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.