Эътирози прокуратураи минтақаи Кӯлоб нисбати «ҳукми сабук» ба қотили сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмов рӯзи 26-уми август баррасӣ мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз прокуратура хабар дод, баъди баррасии масъалаи мазкур чанде қабл дар тавқифгоҳи муваққатӣ, ки дар он аз соли 2013 айбдоркунанда Умед Тешаев аз рӯйи далели қатли якум адои ҷазо мекарду интиқолро интизорӣ дошт, чунин тасмим гирифта шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, прокуратура аз он норозӣ аст, ки ба ивази аз ҷониби айбдоркунанда талаб шудани ҳукми ҳабси абад, суд қотилро ба 30 соли зиндон маҳкум кардааст.
Ёдрас мекунем, ки сартарош Умед Тешаев моҳи августи соли 2013 барои бераҳмона қатл намудани Абдурасул Алиев ба муҳлати 17,5 соли зиндон маҳкум шуда, интиқол ба муассисаи ислоҳии муайянро интизорӣ дошт. Он замон ташхис нишон дода буд, ки пас аз 10 зарбаи корд ҷабрдида ба ҳалокат расида буд, вале Тешаев бераҳмона бо корд боз 47 зарбаи дигар зада буд. Санаи 16-уми феврал маҳкумшуда Умед Тешаев барои дуруст кардани муйи сар ба назди сардори тавқифгоҳи муваққатӣ полковник Умар Қаюмов даъват шуда, бо қайчӣ ба бадани ӯ беш аз 20 зарбаи марговар зад.



