Кушта шудани ҷавони 22-солаи тоҷик дар Маскав

Як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон шаби 20 ба 21-уми август аз тарафи шахсони номаълум дар шаҳри Маскав кушта шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» наздикони марҳум хабар доданд, сокини ҷамоати Панҷи ноҳияи Қумсангир Зиёратшо Қурбонов, шаби 20 ба 21-уми август дар манзиле, ки иҷора менишастааст, аз тарафи шахсони номаълум ваҳшиёна кушта шудааст. «Бино ба маълумотҳои пешакӣ, куштор бо […]

Сайраҳмон Назриев



Як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон шаби 20 ба 21-уми август аз тарафи шахсони номаълум дар шаҳри Маскав кушта шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» наздикони марҳум хабар доданд, сокини ҷамоати Панҷи ноҳияи Қумсангир Зиёратшо Қурбонов, шаби 20 ба 21-уми август дар манзиле, ки иҷора менишастааст, аз тарафи шахсони номаълум ваҳшиёна кушта шудааст.

«Бино ба маълумотҳои пешакӣ, куштор бо қасди ғорати дороии ин ҷавони тоҷик сурат гирифтаааст. Айни замон пулиси Маскав ба тафтиши ин ҳодиса шурӯъ карда, чандин нафар аз наздикону дӯстони Зиёратшоро ба пурсиш даъват кардааст», – гуфтанд онҳо.

Зимнан зикр гардид, ки наздикони марҳум кӯушиш доранд, ки рӯзҳои наздик ҷасади Зиёратшоҳро ба ноҳияи Қумсангир бирасонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.