Шикояти кассатсионии адвокати узви гурӯҳи қасди тарконидани «ТАЛКО»-ро дошта

Адвокати маҳкумшуда Толиб Шодиев, яке аз аъзои узви гурӯҳи қасди тарконидани «ТАЛКО» ва ҳамчунин як қатор иншооти дигар дар шаҳри Турсунзодаро дошта рӯзи 19-уми август ба ҳукми Суди олии ҶТ аз 12 августи соли 2014 шикоят бурд. Адвокат Абдураҳмон Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар шикояти кассатсиониаш ӯ ба ноадолатона будани […]

Мавзуна Абдуллоева



Адвокати маҳкумшуда Толиб Шодиев, яке аз аъзои узви гурӯҳи қасди тарконидани «ТАЛКО» ва ҳамчунин як қатор иншооти дигар дар шаҳри Турсунзодаро дошта рӯзи 19-уми август ба ҳукми Суди олии ҶТ аз 12 августи соли 2014 шикоят бурд.

Адвокат Абдураҳмон Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар шикояти кассатсиониаш ӯ ба ноадолатона будани ҳукми суд ва роҳ додан ба риоя нашудани як қатор меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ишора кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла суд изҳороти зерҳимояи ӯ Шодиев Толиб дар бораи истифодаи кирдори бераҳмона ҳангоми боздошт ва тафтишоти пешакиро ба инобат нагирифтааст. «Ҳамчунин суд ба забони давлатиро надонистани зерҳимояи ман ва эҳтиёҷ доштанаш ба тарҷумон низ таваҷҷуҳ зоҳир накард. Аз замони боздошт ҳуқуқ ба ҳимояи Т.Шодиев риоя нашуд, ки  яке аз асосҳои бекор шудани ҳукми зинаи аввали судӣ мебошад», – зикр кард адвокат.

Дар идома ӯ гуфт: «Мо аллакай муддати 10 рӯз аст, ки аз ҷониби суд пешниҳод шудани матни пурраи ҳукмро интизорӣ дорем, ҳарчанд мутобиқи қисми 1, моддаи 350-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, нусхаи матни ҳукм бояд на дертар аз панҷ шабонарӯз баъди қироати он пешниҳод карда шавад».

Ёдрас мекунем, ки санаи 12-уми августи соли ҷорӣ

Суди олии Тоҷикистон

аъзои гурӯҳеро, ки қасди тарконидани «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва як қатор иншооти дигар дар шаҳри Турсунзодаро доштанд, ба муддатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Ҳамин тариқ, аъзои ин гурӯҳ – Турабой Равшанов ва Абдуллоҷон Раҳимов ба 22 сол, Аскаралӣ Бӯриев ва Азамат Абдуллоев ба 20 сол ва се нафари боқимонда — Толиб Шодиев, Аҳмадҷон Маҷидов ва Умар Урманов ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.