Прокуратураи Кӯлоб ҳукми ҳабси абад ба қотили сардори СИЗО-ро талаб дорад

Эътирози прокуратураи минтақаи Кӯлоб нисбати «ҳукми сабук» ба қотили сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмов рӯзи 26-уми август баррасӣ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз прокуратура хабар дод, баъди баррасии масъалаи мазкур чанде қабл дар тавқифгоҳи муваққатӣ, ки дар он аз соли 2013 айбдоркунанда Умед Тешаев аз рӯйи далели қатли якум адои […]

Турко Дикаев



Эътирози прокуратураи минтақаи Кӯлоб нисбати «ҳукми сабук» ба қотили сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмов рӯзи 26-уми август баррасӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз прокуратура хабар дод, баъди баррасии масъалаи мазкур чанде қабл дар тавқифгоҳи муваққатӣ, ки дар он аз соли 2013 айбдоркунанда Умед Тешаев аз рӯйи далели қатли якум адои ҷазо мекарду интиқолро интизорӣ дошт, чунин тасмим гирифта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, прокуратура аз он норозӣ аст, ки ба ивази аз ҷониби айбдоркунанда талаб шудани ҳукми ҳабси абад, суд қотилро ба 30 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ёдрас мекунем, ки сартарош Умед Тешаев моҳи августи соли 2013 барои бераҳмона қатл намудани Абдурасул Алиев ба муҳлати 17,5 соли зиндон маҳкум шуда, интиқол ба муассисаи ислоҳии муайянро интизорӣ дошт. Он замон ташхис нишон дода буд, ки пас аз 10 зарбаи корд ҷабрдида ба ҳалокат расида буд, вале Тешаев бераҳмона бо корд боз 47 зарбаи дигар зада буд. Санаи 16-уми феврал маҳкумшуда Умед Тешаев барои дуруст кардани муйи сар ба назди сардори тавқифгоҳи муваққатӣ полковник Умар Қаюмов даъват шуда, бо қайчӣ ба бадани ӯ беш аз 20 зарбаи марговар зад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.