Оғози тамринҳои бузургмиқёси зиддитеррористии СҲШ дар Чин тайи 10 соли ахир



Рӯзи 24-уми август дар машқгоҳи низомии «Чжужихэ» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2014» тамринҳои низомии зиддитеррористӣ оғоз мегарданд.

Дар ин тамринҳо, ки то 29-уми август идома меёбанд, беш аз 7 ҳазор нафар ҳайати мақомоти идоракунӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи панҷ кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок мекунанд. Вазифаҳои раҳбариро бори нахуст Чин ба зимма гирифтааст.

Ҳадаф аз баргузории тамринҳои мазкур таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲШ, тавсеъаи нуфузу эътибори Созмон дар арсаи байнулмилалӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши мудофиа, бахусус дар самти муқовимат бо терроризм ва таҳдидҳои минтақавӣ мебошад.

Ба СҲШ кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон дар созмон мақоми нозирро доранд. Ба Беларус, Шри-Ланка ва Туркия мақоми шарикон оид ба муколамаи СҲШ дода шудааст.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, чун пештара сарбозони Чин аксари иштирокчиёни тамринро ташкил хоҳанд дод. Ба тамринҳо Русия 900 сарбозону афсарон, чор ҳавопаймои қиркунандаи Су-24 ва ҳашт чархболи Ми-8МТ, Қазоқистон 300 нафар десантчиён, Тоҷикистон 200 нафар сарбозони воҳиди номбарнашудаи зудамал (ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё ин ҳамон сарбозоне нестанд, ки таҳти раҳбарии муррабиёни амрикоӣ аз давраи омӯзишӣ гузаштанд?) ва Қирғизистон 500 сарбозону афсаронро сафарбар мекунад. Тибқи одати маъмулӣ, дар ин тамринҳо Ӯзбекистон умуман иштирок карданӣ нест. Ҳамин тариқ, агар дар маҷмӯъ дар ин тамринҳо 7 ҳазор нафар ширкат варзанд, пас 5 ҳазор нафари онҳо сарбозону афсарони артиши Чин хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир таркиби низомии СҲШ коҳиш ёфта, бино ба маълумоти агентии итттилоотии чинии «Синьхуа», тамринҳои мазкур яке аз бузургмиқёстарин аз соли 2004 ва нахустин тамринҳои бузург аз соли 2010 маҳсуб меёбанд.

spot_imgspot_img

Популярное