Оғози тамринҳои бузургмиқёси зиддитеррористии СҲШ дар Чин тайи 10 соли ахир

Рӯзи 24-уми август дар машқгоҳи низомии «Чжужихэ» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2014» тамринҳои низомии зиддитеррористӣ оғоз мегарданд. Дар ин тамринҳо, ки то 29-уми август идома меёбанд, беш аз 7 ҳазор нафар ҳайати мақомоти идоракунӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи панҷ кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок мекунанд. Вазифаҳои раҳбариро бори нахуст […]

ASIA-Plus



Рӯзи 24-уми август дар машқгоҳи низомии «Чжужихэ» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2014» тамринҳои низомии зиддитеррористӣ оғоз мегарданд.

Дар ин тамринҳо, ки то 29-уми август идома меёбанд, беш аз 7 ҳазор нафар ҳайати мақомоти идоракунӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи панҷ кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок мекунанд. Вазифаҳои раҳбариро бори нахуст Чин ба зимма гирифтааст.

Ҳадаф аз баргузории тамринҳои мазкур таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲШ, тавсеъаи нуфузу эътибори Созмон дар арсаи байнулмилалӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши мудофиа, бахусус дар самти муқовимат бо терроризм ва таҳдидҳои минтақавӣ мебошад.

Ба СҲШ кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон дар созмон мақоми нозирро доранд. Ба Беларус, Шри-Ланка ва Туркия мақоми шарикон оид ба муколамаи СҲШ дода шудааст.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, чун пештара сарбозони Чин аксари иштирокчиёни тамринро ташкил хоҳанд дод. Ба тамринҳо Русия 900 сарбозону афсарон, чор ҳавопаймои қиркунандаи Су-24 ва ҳашт чархболи Ми-8МТ, Қазоқистон 300 нафар десантчиён, Тоҷикистон 200 нафар сарбозони воҳиди номбарнашудаи зудамал (ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё ин ҳамон сарбозоне нестанд, ки таҳти раҳбарии муррабиёни амрикоӣ аз давраи омӯзишӣ гузаштанд?) ва Қирғизистон 500 сарбозону афсаронро сафарбар мекунад. Тибқи одати маъмулӣ, дар ин тамринҳо Ӯзбекистон умуман иштирок карданӣ нест. Ҳамин тариқ, агар дар маҷмӯъ дар ин тамринҳо 7 ҳазор нафар ширкат варзанд, пас 5 ҳазор нафари онҳо сарбозону афсарони артиши Чин хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир таркиби низомии СҲШ коҳиш ёфта, бино ба маълумоти агентии итттилоотии чинии «Синьхуа», тамринҳои мазкур яке аз бузургмиқёстарин аз соли 2004 ва нахустин тамринҳои бузург аз соли 2010 маҳсуб меёбанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.