Ҳалокати 4 нафар дар 2 рӯз бар асари садамаҳои нақлиёт

Бар асари садамаҳои нақлиёт, ки давоми рӯзҳои 21-22-юми август дар қаламрави кишвар рух доданд, 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 21-уми август дар қаламрави деҳоти Гулови ноҳияи Бохтар ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Далер Бобоҷонови 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш Мавҷинисо Азизоваи 55-соларо зер мекунад, ки […]



Бар асари садамаҳои нақлиёт, ки давоми рӯзҳои 21-22-юми август дар қаламрави кишвар рух доданд, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 21-уми август дар қаламрави деҳоти Гулови ноҳияи Бохтар ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Далер Бобоҷонови 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш Мавҷинисо Азизоваи 55-соларо зер мекунад, ки аз ҷароҳатҳои бардошта ҷабрдида дар бемористон ба ҳклокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз дар қаламрави деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи автомашинаи «Хундай-Старекс» Исмоил Азимови 29-сола бо автомашинааш сокини 29-солаи ноҳияи Муъминобод Баҳром Табаровро пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

Рӯзи 22-юми август ронадаи автомашинаи «Фолксваген-Галф», сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Паровиз Ашӯров дар километри 88-уми деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар бо автомашинааш ноболиғ Мустафо Сафеви 4-соларо зер мекунад, ки аз ҷароҳатҳои бардошта кӯдак дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз дар километри 35-уми ноҳияи Файзобод ронандаи мотороллери «Скутер», сокини 32-солаи ноҳияи Ванҷ ба самти муқобили ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи «Хафей» таҳти идораи Маннон Ҷалолови 62-сола бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мотороллер аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон фавтидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.