Вохӯрии муовини аввали раиси ҲАТ бо намояндаи САҲА



Санаи 22-юми  августи соли 2014 вохӯрии Рустам Латифзода, муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) бо  Марчин Валетский, мудири бахш оид ба масъалаҳои идоракунии демократӣ ва маъалаҳои гендерии САҲА/БДИПЧ доир гардид.

Тавре аз ҲАТ хабар доданд, зимни вохурӣ масъалаҳои фаъолияти ҳизб ва омодагиҳои ҲАТ ба маъракаи интихоботи 2015  баррасӣ карда шуданд.

Марчин Валетский аз фаъолияти ҳизб дар интихоботҳои қаблӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз корҳои омадагии ҳизб вобаста ба иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъ истиқбол намуд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби занону ҷавонон ба татбиқи ҳадафу мақсадҳои ҳизбӣ ва таҳкими фаъолияти онҳо дар бахшҳои маҳаллӣ изҳори ақида карда шуд.  Қайд гардид, ки барои демократӣ гузаштани интихоботи навбатӣ ҷониби САҲА/БДИПЧ омодааст, ки дар доираи ваколатҳои худ ва риояи қонунҳои Тоҷикистон кумакҳои худро ба ҲАТ расонад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вазъи кору зиндагии занон дар деҳот, бахусус занони кишоварз, ҳуқуқу ваколатҳои онҳо, фаъолсозии иштироки онҳо дар раванди идораи давлатӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ баррасӣ гардиданд. Рустам Латифзода муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ин сӯҳбат таъкид кард, ки мардуми деҳот ки аксарияти онҳо ба кишоварзи машғуланд, таваҷҷӯҳи бештар мехоҳанд.

Рустам Латифзода муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳизб ба маъракаи интихоботи дарпешистода омодагии ҳамаҷониба дида истодааст ва чунин имконият дорад, ки онро таҳким бахшад, чун зиёда аз 70% аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ доранд, ки аксаран ба кишоварзӣ машғуланд ва электорати хуби ҳизб шуда метавонанд. 

spot_imgspot_img

Популярное