Пешгирии кӯшиши интиқоли героин дар вилояти Суғд

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд кӯшиши интиқоли маводи сахттаъсири героинро пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, рӯзи 22 август дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила, ки зиёда аз ду моҳ давом намуд, кормандони Агентӣ сокини 40-солаи ноҳияи Варзобро дастгир намуданд, ки […]



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд кӯшиши интиқоли маводи сахттаъсири героинро пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, рӯзи 22 август дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила, ки зиёда аз ду моҳ давом намуд, кормандони Агентӣ сокини 40-солаи ноҳияи Варзобро дастгир намуданд, ки аз ӯ дастаҳои селлофанӣ бо маводи нашъаовар мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи нашъаовари мусодира гардида героин буда, вазни он зиёда аз 3 килограммро ташкил менамояд.

Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, боздоштшуда соли 2010 аз тарафи суд барои қаллобӣ дар ҳаҷми хусусан калон ба ҷазои ҷиноӣ ҳукм шуда буд.

Нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.