Вохӯрии муовини аввали раиси ҲАТ бо намояндаи САҲА

Санаи 22-юми  августи соли 2014 вохӯрии Рустам Латифзода, муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) бо  Марчин Валетский, мудири бахш оид ба масъалаҳои идоракунии демократӣ ва маъалаҳои гендерии САҲА/БДИПЧ доир гардид. Тавре аз ҲАТ хабар доданд, зимни вохурӣ масъалаҳои фаъолияти ҳизб ва омодагиҳои ҲАТ ба маъракаи интихоботи 2015  баррасӣ карда шуданд. Марчин Валетский аз фаъолияти […]

ASIA-Plus



Санаи 22-юми  августи соли 2014 вохӯрии Рустам Латифзода, муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) бо  Марчин Валетский, мудири бахш оид ба масъалаҳои идоракунии демократӣ ва маъалаҳои гендерии САҲА/БДИПЧ доир гардид.

Тавре аз ҲАТ хабар доданд, зимни вохурӣ масъалаҳои фаъолияти ҳизб ва омодагиҳои ҲАТ ба маъракаи интихоботи 2015  баррасӣ карда шуданд.

Марчин Валетский аз фаъолияти ҳизб дар интихоботҳои қаблӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз корҳои омадагии ҳизб вобаста ба иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъ истиқбол намуд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби занону ҷавонон ба татбиқи ҳадафу мақсадҳои ҳизбӣ ва таҳкими фаъолияти онҳо дар бахшҳои маҳаллӣ изҳори ақида карда шуд.  Қайд гардид, ки барои демократӣ гузаштани интихоботи навбатӣ ҷониби САҲА/БДИПЧ омодааст, ки дар доираи ваколатҳои худ ва риояи қонунҳои Тоҷикистон кумакҳои худро ба ҲАТ расонад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вазъи кору зиндагии занон дар деҳот, бахусус занони кишоварз, ҳуқуқу ваколатҳои онҳо, фаъолсозии иштироки онҳо дар раванди идораи давлатӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ баррасӣ гардиданд. Рустам Латифзода муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ин сӯҳбат таъкид кард, ки мардуми деҳот ки аксарияти онҳо ба кишоварзи машғуланд, таваҷҷӯҳи бештар мехоҳанд.

Рустам Латифзода муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳизб ба маъракаи интихоботи дарпешистода омодагии ҳамаҷониба дида истодааст ва чунин имконият дорад, ки онро таҳким бахшад, чун зиёда аз 70% аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ доранд, ки аксаран ба кишоварзӣ машғуланд ва электорати хуби ҳизб шуда метавонанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.