Гумонбарии корманди филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба порагирӣ

Корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскав Луъбат Носирова ба содир намудани ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, шаҳрванд Бахриддинова ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки корманди филиали Донишгоҳи мазкур […]



Корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскав Луъбат Носирова ба содир намудани ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, шаҳрванд Бахриддинова ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки корманди филиали Донишгоҳи мазкур бо номи “Луъбат” бо истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, барои додани дипломи Донишгоҳи мазкур, ки шаҳрванд Бахриддинова дар он ҷо муддати 5 сол таҳсил намудааст, маблағи 1500 доллари амрикоӣ талаб намуда истодааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ тафтишотӣ нимаи рӯзи 19-уми август менеҷери кор бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе Нодирова Любат Шарифовнаи 53-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани маблағи 1500 доллари амрикоӣ дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дастгир карда шуда, аз ӯ далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати Нодирова Любат Шарифовна парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “Б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.