Муносибати сокинони Тоҷикистон ба вазъ дар кишвар, ҳукумат, рейтинги мансабдорони тоҷик, муносибатҳои байнулмилалӣ, вазъ дар Украина, писандида будану эътимоди сокинон ба ВАО. Ин ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра ҳам барои Тоҷикистону ҳам барои саросари ҷаҳонро назарсанҷии умумимиллии аҳолии созмони мустақили ғайриҳукуматии «Центрально-азиатский барометр» (Ҳавосанҷи Осиёи Марказӣ) фаро гирифтааст. Созмони мазкур ба пайгирӣ (мониторинг)-и афкори умум дар минтақаи Осиёи Марказӣ машғул аст.
Назарсанҷӣ тариқи методи пурсиши телефонӣ аз 7-уми июн то 1-уми июли соли 2014 гузаронида шудааст. Дар назарсанҷӣ 1077 нафар афроди синни аз 18-сола ва калонсолтар аз он иштирок кардаанд. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро ширкати таҳқиқотии «M-Vector Tajikistan» анҷом додааст.
Чанде аз натиҷаҳои таҳқиқоти мазкурро манзуратон мегардонем.
Сатҳи эътимод ба пешвоёни сиёсӣ
Миёни сарони кишварҳои пешниҳодшуда аксари аҳолии Тоҷикистон ба Владимир Путин эътимод доранд. Ӯ 85%-и раъйи пурсидашудагонро касб намудааст. Сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мақоми дуюм (ҳудуди 41%), ҷойҳои сеюм ва чорумро бо фарқияти начандон зиёд сарони кишварҳои Беларус (35%) ва Чин (31%), зинаҳои панҷуму шашумро президенти ИМА (26%) ва канслери Олмон (25%) ишғол намуда, президенти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон – Ислом Каримов (20%) дар мақоми охир қарор гирифтааст.
Иттифоқчии асосии Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистон Русияро иттифоқчии асосии кишвар мешуморанд. 74%-и пурсидашудагон бар ин назаранд, ки маҳз Русия иттифоқчии наздик ва шарики муҳимтарини Тоҷикистон аст. 11% – Чин, 6% – Эрон ва 3% – Қазоқистонро иттифоқчии асосии ҷумҳурӣ медонанд.
Рӯйдодҳо дар Украина
Сокинони кишвар назари худро нисбати ивази ҳукумат дар Украина низ баён доштаанд. 38%-и тоҷикистониён чунин мешуморанд, ки ҳукумати нави Украина ҷавобгӯи манфиатҳои украиниҳо набуда, ҳадафҳои худро пиёда месозад. Этимод ба ҳукумати нав дар ин кишварро 32%-и аҳолии ҷумҳурӣ изҳор намудаанд.
Иттиҳоди гумрукӣ
Иттиҳоди гумрукӣ, ки Тоҷикистон манфиатдориаш ба узвият дар онро изҳор мекунад, низ яке аз мавзӯи таҳқиқоти мазкур гардидааст. Эътимоди қотеъонаи зарурати узвият ба ин иттиҳодро 35%-и тоҷикистониёни посухдода изҳор намудаанд. 45%-и пурсидашудагон бар ин назаранд, ки кишвар яқинан бояд иштирокчии ин иттиҳод бошад ва танҳо 5%-и пурсидашудагон мухолифи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ раъй додаанд.



