Анонс
– Дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ вохӯрии раҳбарияти Кумита бо иттиҳодияҳои соҳибкорони кишвар баргузор мешавад. Оғоз соати 15-00;
– Дар толори конфронси «Тоҷикистон» ҳамоиши тичоратии «Тоҷикистон – Эрон» доир мегардад. Оғоз соати 15-00.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9760
сомонӣ;
1
евро –
6.5401
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1381
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи ангиштканон
1964
— Дар Душанбе консерти ансамбли «Гулшан», нахустин ансамбли эстрадӣ дар ҷумҳурӣ доир гардид.
1995
— Дар Душанбе истеҳсоли нахустин дорувориҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз шуд.
2007
— Дар Панҷи Поён (ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон) маросими ифтитоҳи пул аз болои дарёи Панҷ баргузор шуд.
2008
— Дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи маҷмааи «Боғи устод Рӯдакӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ доир гардид.
2011
— Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок кард.
1902-1982
– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сергей Баласанян.
1933
– Мавлуди таърихшинос, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон Имомназар Келдиев.
1937
– Зодрӯзи математик, профессор Зафар Усмонов.
1949
– Мавлуди актрисаи театру кино Дилбар Умарова.
1963
– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Хуршедҷон Зиёев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3500 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +13+18.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.



