Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва захмишавии аҳолии осоишта

Шоми рӯзи 25-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муноқишаи навбатии мусаллахона рух дода, панҷ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, муноқиша дар мавзеи Хоҷа Боқирғон, ки ҷониби Қирғизистон баҳри азсаргирии сохтмони пул аз […]

Аваз Юлдошев



Шоми рӯзи 25-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муноқишаи навбатии мусаллахона рух дода, панҷ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, муноқиша дар мавзеи Хоҷа Боқирғон, ки ҷониби Қирғизистон баҳри азсаргирии сохтмони пул аз болои рӯди ҳамноми ин мавзеъ талош варзидааст, ба вуқӯъ пайвастааст, лекин шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки ба оғози дубораи сохтмонни пул монеъ шаванд.

«Дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз панҷ нафар сокинони деҳаи Қалъача захмӣ шуда, марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, субҳи имрӯз вазъ дар ҷойи ҳодиса таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад. «Шаҳрвандони тоҷики захмишуда дар бемористон бистарӣ шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.