Санҷиши омодагирии пойтахт ба ҷашни асосии кишвар

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он масоили омодагирии пойтахт ба таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣ ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов, барои дар сатҳи заруриву шоиста пешвоз гирифтани ин […]

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он масоили омодагирии пойтахт ба таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣ ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов, барои дар сатҳи заруриву шоиста пешвоз гирифтани ин ҷашнҳо М.Убайдуллоев ба хадамоти дахлдор ҷиҳати аз 1-уми сентябр то 1-уми ноябр амалӣ намудани барномаҳои қаблан тарҳрезишуда дастуру супориш дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба анҷоми хушсифати сохтмони иншооти ҷашнӣ бо харҷи 721,4 млн. сомонӣ ҷалб намуд.

«Раиси пойтахт қайд кард, ки ба ифтихори 23-солагии Истиклолияти давлатӣ дар баробари мактабу манзилҳои истиқоматӣ, иншооти варзишӣ ва меҳмонхонаҳои нав, дар пойтахт ҳамчунин корхонаҳои нави саноатӣ бо 1,5 ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия, пешгирии фаъолияти қаллобону фиребгарон дар бозорҳо, ки ба болоравии сунъии нархҳо боис мегарданд, низ баррасӣ шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.