Баррасии масоили баргузории Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе

Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи кории мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербургро таҳти раҳбарии сардори Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Дмитрий Черненко ба ҳузур пазируфта, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот М.Убайдуллоев […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи кории мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербургро таҳти раҳбарии сардори Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Дмитрий Черненко ба ҳузур пазируфта, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот М.Убайдуллоев ба раиси шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко барои ташкили сафари гурӯҳи корӣ ба Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба ин чорабинӣ дар доираи таҷлили ҷашни 90-солагии мақомоти пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.

«Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории мақомоти шаҳрдории ҳарду ҷониб дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, омӯзиши забони русӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг ва ғайра низ матраҳ гардиданд», – қайд кард Саидов.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ оид ба ташкили корҳои омодагӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги пойтахти шимолии Русия дар шаҳри Душанбе гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.