ҲНИТ: Бо «Ҷумҳурият» ба баҳси судӣ пардохтани моро вақт нишон хоҳад дод

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, котиби матбуотии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар робита ба мақолаи интишоршуда дар нашрияи «Ҷумҳурият» изҳор намуд, ки «вақт нишон хоҳад дод, ки оид ба ин айбномаи нав нисбати мо чӣ гуна амал хоҳем кард, зеро ин мақолаи нахуст ва бори аввал нест, ки мансабдорон ё нашрияҳои ҳукуматӣ хоҳони […]

Ҳумайро Бахтиёр



Маҳмудҷон Файзраҳмонов, котиби матбуотии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар робита ба мақолаи интишоршуда дар нашрияи «Ҷумҳурият» изҳор намуд, ки «вақт нишон хоҳад дод, ки оид ба ин айбномаи нав нисбати мо чӣ гуна амал хоҳем кард, зеро ин мақолаи нахуст ва бори аввал нест, ки мансабдорон ё нашрияҳои ҳукуматӣ хоҳони бадномкунии як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошанд».

Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми август рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар мақола таҳти унвони «

Нақшаҳои пинҳонии ҲНИТ»

 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ғарбро ба омодасозии инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон айбдор кард. Муаллифи мақола мутмаин аст, ки ИМА дар табадддулотҳо манфиатдор буда, ҲНИТ ба туфайли «сармоягузорон»-и исломӣ фаъолият дорад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов бо боварӣ мегӯяд, ки ин мавод як навъе посух ба изҳороти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни солгарди ваҳдат ва ризоияти миллӣ аст. «Он замон раиси ҳизб суханҳои Саид Абдуллоҳи Нуриро мисол оварда, танҳо хотиррасон намуда буд, ки агар ин ҳукумат аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набарояд, пас бояд ҷояшро ба дигар нерӯҳои сиёсӣ диҳад», – иброз дошт ӯ.

Сухангӯи ҳизб ҳамчунин зикр кард, ки чунин изҳорот барои кишварҳои демократӣ як чизи маъмулӣ аст, вале барои давлате чун Тоҷикистон қобили қабул нест.

Ӯ ҳамчунин аз се мавриди қаблии аз болои се шабакаи телевизиони давлатӣ – «Сафина», «Шабакаи аввал ва «Ҷаҳоннамо» шикоят бурдани ҲНИТ ёдовар шуда, қайд кард, ки ба онҳо ҳеҷ вокунише нишон дода нашуд. 

Дар ҳамин ҳол, аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита зикр карданд, ки алҳол аз шарҳи назар оид ба ин мавод, ки дар он Вашингтонро ба омодасозии инқилоб дар Тоҷикистон мутттаҳам мекунанд, худдорӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.