Ба худкушӣ даст задани муҳоҷири тоҷик барои ишқи ноком

Муҳоҷири кории тоҷик бинобар сабабӣ нокомӣ дар муҳаббат ба худкушӣ даст задааст. Бино ба иттилои Комсомольская правда , шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар Маскав кор мекардааст, ба иллати аз ҷониби дӯстдоштааш – зодаи шаҳри Козьмодемянск (Марий Эл) рад шудани муҳаббаташ ба ӯ ба ин амал даст задааст. «Ҷавонон дар Маскав бо ҳам шинос шуда, сипас […]

ASIA-Plus



Муҳоҷири кории тоҷик бинобар сабабӣ нокомӣ дар муҳаббат ба худкушӣ даст задааст.

Бино ба иттилои

Комсомольская правда

, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар Маскав кор мекардааст, ба иллати аз ҷониби дӯстдоштааш – зодаи шаҳри Козьмодемянск (Марий Эл) рад шудани муҳаббаташ ба ӯ ба ин амал даст задааст.

«Ҷавонон дар Маскав бо ҳам шинос шуда, сипас барои шиносоӣ бо волидайни духтар ба Чувашия меоянд, вале эҳсосоти духтар нисбати ҷавон дар зодгоҳаш камтар шуда, ба ӯ беаҳамият мешавад», – менависад нашрия.

Ба иттилои манбаъ, ҷавон нияти бозгашт ба ватанро карда, билет мехарад ва барои хайрухуш ба хонаи волидайни дӯстдоштааш меояд, вале маълум мешавад, ки духтар аллакай мудддати чанд шабонарӯз аст, ки дар хонааш пайдо нашудааст. «То рӯзи дигар ӯ духтарро мунтазир шуда, сипас аз эҳсосоти зиёд рагҳои хунгарди худро мебурад ва хушбахтона кӯдакон инро дида, мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд», – омадааст дар хабари нашрия.

Гуфта мешавад, пас аз наҷоти ҳаёти ҷавони ноком дар беморхона, маълум мешавад, ки ӯ дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ иқомат дорад. «Аз муассисаи тиббӣ ошиқро кормандони хадамоти муҳоҷират ба суд меоранд ва суд дар бораи истирдоди муҳоҷир ба ватан қарор содир мекунад», – қайд мешавад дар иттилоъ.

Зимнан зикр мегардад, ки акнун муҳоҷир аз ҳисоби давлат ба ватан бармегардад ва маблағи зиёди пулиеро, ки барои роҳпулӣ фиристодаанд, дар ихтиёри худи ӯ боқӣ мемонанд. «Дар Тоҷикистон бо ин маблағ як оила муддати як соли комил бидуни мушкиле зиндагӣ карда метавонад», – таъкид месозад нашрияи русӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.