85 ҳазор $ – ришва барои қабул ба Донишгоҳи тиббӣ

Сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Раъно Раҷабоваро кормандони Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба гумони порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Шаҳрванд Қобилова ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуда, арз кардааст, ки Раъно Раҷабоваи 42-сола бо маслиҳати пешакӣ […]

ASIA-Plus



Сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Раъно Раҷабоваро кормандони Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба гумони порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Шаҳрванд Қобилова ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуда, арз кардааст, ки Раъно Раҷабоваи 42-сола бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади бо роҳи осон ба даст овардани маблағи муфт моҳҳои феврал-ноябри соли 2012 ба боварии марҳум Қобилов Зокир Обидович даромада, аз ӯ бо роҳи фиреб барои охиронро дар корхонаи хориҷии “Салиби Сурх”(Красный крест) ба кор қабул намудан ва инчунин барои дохил кардани фарзандаш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар чанд ҳолат ҷамъ ба маблағи умумӣ 85 000 доллари амрикоӣ гирифта, ба ивази маблағи гирифтаашон ягон амалеро иҷро накарда, аз баргардонидани маблағҳои гирифтаашон саркашӣ намуда, ба ӯ зарари махсусан калон расонидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Раъно Раҷабова мутобиқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.