Рӯзноманигорони ҷавони Хатлон меъёрҳои байналхалқии журналистикаро омӯхтанд

Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони ҷавони вилояти Хатлон меъёрҳои байналхалқии журналистикаро омӯзонд. Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), рӯзҳои 21 -22 августи соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 13 нафар журналистони ҷавони минтақаи Хатлон меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи […]

ASIA-Plus



Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони ҷавони вилояти Хатлон меъёрҳои байналхалқии журналистикаро омӯзонд. Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), рӯзҳои 21 -22 августи соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 13 нафар журналистони ҷавони минтақаи Хатлон меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро таълим дод.

Бино ба маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, IWPR бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ ва ҳамчунин дар расонаҳои маҳаллӣ кам кардани мақолаҳое, ки муаллифони он ба баҳсҳои судӣ кашида мешаванд, татбиқи меъёрҳои байналмилалии журналистикаро роҳнамоӣ мекунад. Фирўз Баротов, собиқ хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳамчун тренер аз таҷрибаи баҳсҳои додгоҳии ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ба журналистони ҷавон мисолҳои воқеиро нақл кард.

Дар робитаи мустақим, иштирокчиёни тренинг барои омода кардани мақолаҳои хабарӣ- таҳлилӣ, интихоби мавзуҳои наве, ки барои хонандагони байналмилалӣ ҷолиб бошанд, баҳс намуданд. Барои иштирокчиёни тренинг бештар аз ҳама омӯхтани нақшаи таҳийаи мақолаи таҳлилӣ барои IWPR буд.

«Тайи ду рӯзи тренинги омӯзишӣ бисёр нозукиҳои меъёрҳои байнамилалии журналистикаро омӯхтам, ки минбаъд дар фаъолияти кории худ ин донишҳоро истифода хоҳам бурд. Аз ҷумла, тарзи омода намудани гузориши таҳлилӣ, ташкил ва гузаронидани мусоҳибаи муваффақ ва истифода аз сарчашмаҳои мӯътамадр барои ман хеле фоиданок буд. Хеле хуб мешуд, агар дар оянда барои мо, хабарнигорони ҷавон, чунин тренингҳои омӯзишӣ зиёдтар ташкил карда мешуд. Чунки чунин тренингҳо барои мо роҳ ба сӯи расонаҳои байналхалқиро мекушоянд”, гуфт Низомиддин Исоев, хабарнигори рӯзномаи “Хатлон”.

IWPR нақша дорад, ки чунин тренингҳоро дар дигар минтақаҳои кишвар низ доир намояд.

Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.