Корҳои таҳқиқотии Gazprom International дар Шоҳамбарии Ғарбӣ

Дар майдони нафтугаздори «Шоҳамбарии Ғарбӣ» мутахассисони Gazprom International ба корҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти геологӣ-геофизикӣ машғул буда, нақшаи кориро таҳия мекунанд ва баъди анҷоми ин корҳо дигар корҳои геологӣ сурат гирифта, сипас қароргоҳи саҳроии сейсмикӣ бунёд мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ширкат, қитъаи Шоҳамбарии Ғарбӣ майдони 247 километри мураббаъро дар бар гирифта, иҷозатнома ба […]

Заррина Эргашева



Дар майдони нафтугаздори «Шоҳамбарии Ғарбӣ» мутахассисони Gazprom International ба корҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти геологӣ-геофизикӣ машғул буда, нақшаи кориро таҳия мекунанд ва баъди анҷоми ин корҳо дигар корҳои геологӣ сурат гирифта, сипас қароргоҳи саҳроии сейсмикӣ бунёд мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ширкат, қитъаи Шоҳамбарии Ғарбӣ майдони 247 километри мураббаъро дар бар гирифта, иҷозатнома ба ширкат барои кор дар ин қитъа соли 2008 дода шудааст.

«Дар ҷараёни таҳқиқот муайян карда шуд, ки барои омода намудани иншоот васеъ кардани майдони ин қитъа зарур аст ва аз ин рӯ, намояндагии ширкат дар Тоҷикистон ба ҳукумати Тоҷикисотон бо чунин дархост муроҷиат намуд», – гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз анҷоми расмиёти марбут ба тағйир додани андозаи қитъа, моҳи сентябри соли 2012 зимни гуфтушуниди мудири иҷрокунандаи Gazprom International Валерий Гуляев бо вазири энергетика ва саноати ҶТ Шералӣ Гул дар Маскав дар бораи оғози корҳои иктишофи геологӣ дар майдони Шоҳамбарии Ғарбӣ тасмим гирифта шудааст.

Айни замон ширкат асосан дар қитъаи Сариқамиш», дар чоҳи «Шаҳринав-1п», воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, 36 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе ба кор машғул аст.

Зимни нишасти хабарии моҳи июли соли равон

с

ардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол дар ин робита изҳор намуд, ки ширкати Gazprom international дар майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш корҳоро фаъолона роҳандозӣ намуда, озмоишҳои геологии чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро мегузаронад ва комилан имкон дорад, ки ин корҳо охири соли 2014 ба итмом расанд.

Ёдрас мекунем, ки корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» дар майдон ояндадори нафту гази Сариқамиш баҳори соли 2013 ба охир расид. Чуқурии лоиҳавии чоҳ 6300 метрро ташкил медиҳад, вале дар ҷараёни корҳо чуқурии он то 6 ҳазору 130 метр расонида шуд.

Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.