Истифодаи «Амбулифт» барои мусофирони маъюб дар ФБД

Соли ҷорӣ Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) назди худ вазифа гузошт, ки ҳамарӯза намудҳои хизматроасониро ба мусофирон зиёд намуда сатҳи хизматрасониҳои фурудгоҳиро боло барад. Бо ҳамин мақсад чанде пеш мошини махсуси хизматрасон «Амбулифт» харида карда шуд. Тавре пештар хабар дода будем, амбулифт мошинест, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирони дараҷаҳои маъюбӣ доштаи имконияти роҳгардиашон маҳдуд истифода мешавад. […]

ASIA-Plus



Соли ҷорӣ Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) назди худ вазифа гузошт, ки ҳамарӯза намудҳои хизматроасониро ба мусофирон зиёд намуда сатҳи хизматрасониҳои фурудгоҳиро боло барад. Бо ҳамин мақсад чанде пеш мошини махсуси хизматрасон «Амбулифт» харида карда шуд. Тавре пештар хабар дода будем, амбулифт мошинест, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирони дараҷаҳои маъюбӣ доштаи имконияти роҳгардиашон маҳдуд истифода мешавад.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, таърихи 24 август пас аз анҷоми форуми «Созмони занони маъюб», ки дар Душанбе шуда гузашт, меҳмонони форум ба Алмаато парвоз карданд.

Хушбахтона, меҳмонон тариқи «Толори меҳмонони расмӣ», ки дараҷаи баланди хизматрасонӣ дорад, гузаштанд. Мошине, ки занони имконияти ҳаракаташон маҳдудро то фурудгоҳ овард дорои таҷҳизоти махсус буд ва автобусе, ки меҳмононро то ҳавопаймо овард, низ даромадгоҳи махсуси таҳизонидашуда дошт, ки занҳо бемалол вориди автобус гардиданд.

Сипас барои интиқол додани мусофирони маъюб ба дохили ҳавопаймо амбулифт истифода гардид. Ҳайати идоракнундагони амбулифт дараҷаи тахассусии худро сайқал додаанд, зеро раванди интиқол додани маъюбон ба ҳавопаймо хуб ҷараён мегирифт.

Меҳмонони форум, занҳое буданд, ки дарҷаҳо гуногуни маъюбӣ дощтанд, дар сӯҳбат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан аз пойтахти он шаҳри Душанбе хотираҳои хуб арз карданд.

Вобаста ба хизматрасониҳои фурудгоҳи Душанбе Ситора Қурбонова, намояндаи созмони занҳои маъюб аз Қирғизистон Мунира Казакумова ва меҳмони  Финляндиягӣ миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки истифодаи техникаи махсус, ки барои маъюбон пешбинӣ шудааст, мушкили моро осон месозад ва аз ҷониби дигар воқеан фурудгоҳи Душанберо пешрафта нишон медиҳад, зеро на ҳама фурудгоҳҳои минтақа дорои чунин таҷҳизот мебошанд.

Раиси «Созмони занони маъюби Тоҷикистон» Саида Иноятова, ки дар гусели меҳмонон бевосита иштирок дошт, барои хизматрасониҳои фурудгоҳӣ ба роҳбарият ва кормандони фурудгоҳи Душанбе миннатории худро баён намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.