Дархости раиси Хатлон оид ба роҳ надодан ба изофанависӣ дар ҷамъоварии пахта

Зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз раисони шаҳру навоҳӣ талаб кард, ки рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаро зери назорат гирифта, ҳисобу китоби дурусти онро таъмин намоянд ва ба изофанависӣ роҳ надиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, изофанависӣ ба тамоми ҷомеъа, бахусус ба рушди иқтисодиёти кишвар ва ба раванди сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад. […]

Сайраҳмон Назриев



Зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз раисони шаҳру навоҳӣ талаб кард, ки рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаро зери назорат гирифта, ҳисобу китоби дурусти онро таъмин намоянд ва ба изофанависӣ роҳ надиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, изофанависӣ ба тамоми ҷомеъа, бахусус ба рушди иқтисодиёти кишвар ва ба раванди сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад. «Сармоягузорон пеш аз равона намудани маблағҳояшон меомӯзанд, ки дар он давлат чӣ истеҳсол мешавад. Ва оё агар ман маблағамро онҷо равона намоям, фардо онро баргардонда метавонам ё не? Агар ҳис   кунад, ки дар ҳисоботҳои он давлат изофанависӣ аст, пас ба ҳеҷ сурат маблағашро ба он ҷо намефиристад. Шумо ҳақиқатро нависед ва пешниҳод кунед. Он чизе, ки ҳаст», – қайд намуд раиси вилоят.

Дар идома Гулмаҳмадзода гуфт, ки давлат аз деҳқон ба ғайр аз андози ягона, дигар ягон намуди андоз намеситонад ва деҳқон бояд бифаҳмад, ки давлат аз ӯ танҳо ҳисоби дақиқи истеҳсоли маҳсулоташро талаб мекунад.  «Ӯ ба кӣ мефурӯшад ва бо кадом нарх мефурӯшад, давлат кордор нест», – иброз дошт раиси вилоят.

Раиси вилоят ба раёсати омори вилоят, раисони ҷамоатҳо, идораҳои кишоварзӣ ва раисони шаҳру навоҳи дастури қатъӣ дод, ки ҳисобу китоби дурусти ҳосили пахтаро таъмин намоянд.

«Соли 2013  сад ҳазор тонна пахтаи вилоят бедарак ғайб задааст. Дар ягон ҳисобот намегузарад, куҷо рафтааст. Аз ин хотир  назорати ҷамъоварии пахта зери назорат  гирифта шавад, то ки ҳисобу китоби истеҳсоли онро мо донем, – илова намуд Гулмаҳмадзода.

Бояд ёдовар шуд, ки зимни як нишасти хабарӣ вобаста ба натиҷаҳои ҷамъбасти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи авали соли равон Гулмаҳмадзода гуфта буд, ки 52 нафар шахсони мансабдори сатҳҳои гуногун барои изофанависӣ ба муҷозот кашида шуда, 46 нафарашон аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.