Муҳоҷирони бозори «Садовод» аз сафир ҳимоя дархост доранд

Беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав машғули коранд, дар номаи худ ба унвони сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов фаъолияти ташкилотҳои машғул ба масоили муҳоҷиронро маҳкум мекунанд. Муҳоҷирон мутмаинанд, ки ҳар кадоме аз ин созмону ташкилотҳо манфиатҳои худашро аз манфиатҳои муҳоҷирон боло мегузорад. Дар мактубе, ки нусхааш ба идораи […]

Ҳумайро Бахтиёр



Беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав машғули коранд, дар номаи худ ба унвони сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов фаъолияти ташкилотҳои машғул ба масоили муҳоҷиронро маҳкум мекунанд. Муҳоҷирон мутмаинанд, ки ҳар кадоме аз ин созмону ташкилотҳо манфиатҳои худашро аз манфиатҳои муҳоҷирон боло мегузорад.

Дар мактубе, ки нусхааш ба идораи «Азия-Плюс» дастрас шуд, онҳо аз дипломат ҳимояти муҳоҷиронро дархост мекунанд. «Мо аз шумо ҳамчун шахси расмии давлати мо дархост карданием, ки аз ҳуқуқҳои мо нисбати ин ташкилотҳо ҳимоят кунед, зеро онҳо фикри ҳифзи ҳуқуқҳои моро надошта, илова бар ин, бо овоза кардани гӯё ба кори таҳқиркунанда машғул будани мо, ҳуқуқҳои моро поймол мекунанд. Дар куҷову чӣ кор карданро мо худ ҳаққи интихоб дорем», – омадааст дар мактуб.

Дар муроҷитанома ҳамчунин зикр мегардад, ки онҳо моҳҳо кор карда, вале музди меҳнаташонро гирифта наметавонистанд ва он замонҳо ин ташкилотҳо хомӯширо авло дониста буданд ва «чун имрӯз ҳоли мо рӯ ба беҳбудӣ овард, акнун моро мавриди ҳадаф қарор дода, тасдиқ мекунанд, ки мо ба имиҷи кишвар латма мезанем!», – қайд мешавад дар нома, вале дар он номи созмону ташкитлотҳое, ки аз он муҳоҷирон шикоят доранд, зикр нагардидааст.

Муҳоҷирон чунин навиштаанд: «Шумо намояндаи расмии кишвари моед ва танҳо сухани шумо барои мо арзиш дорад. Боқимонда дигар ташкилотҳо, ҳатто агар ғайриҳукуматӣ ҳам бошанд, ҳамеша манфиати худро аз ҳама чизу ҳама кас болотар мегузоранд».

Зери ин мактуб 150 нафар муҳоҷирони машғули кор дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав имзо гузоштаанд, ки тоҷирону боркашонон ва афроди дигар касбу кор мебошанд.

Яке аз муҳоҷирони зери мактуб имзогузошта бидуни ифшои ному насаб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ахиран чанде аз намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бори дигар хостааанд, ки аз ҳисоби муҳоҷирон «маблағе ба даст оранд», вале чун муҳоҷирон аз ин воқиф гаштаанд, бадномкунии онҳо оғоз гардидааст.

«Маҳз барои ҳамин мо ба сафири ҶТ дар Русия ҷиҳати фаъолтар будан дар чунин ҳолатҳо муроҷиат кардем, зеро он гунае, ки роҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов гуфтааст, аслан ин тавр нест, ин ҷо ҳуқуқҳои мо поймол намешаванд, мо дар шароити ғуломона умр ба сар намебарем», – иброз дошт ин муҳоҷир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.