БМТ: Тоҷикистон давлати хатарнок дар самти пулшӯӣ нест



Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи интишоршуда дар сомонаҳои «Озодӣ» ва «Азия- плюс»” оиди дар рӯйхати даҳгонаи давлатҳои хатарнок дар самти пулшӯӣ ва маблағгузори терроризм қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон посухи мухтасар интишор намуд.

Дар он қайд мешавад, ки муаллифони нашрияҳои номбурда ҳангоми омӯзиши масъалаҳои мазкур маълумотҳои аллакай куҳнашудаи солҳои 2011-2012 –ро мавриди таҳлил қарор додаанд.

«Воқеъан, дар он солҳо қонунгузории ҷумҳурӣ ба талаботи тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) пурра мутобиқ набуданд ва ҷараёни мутобиқгардонии онҳо шуруъ шуда буд. Дар давоми солҳои 2013-2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зиёдеро андешид ва қонунугзории хешро пурра ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намуд», – омадааст дар посух.

Хотиррасон мешавад, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи 20 Пленарии Гурӯҳи Евросиё ҷараёни рушди низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода баррасӣ гардид ва бо назардошти корҳои анҷомдода тибқи изҳороти умумии ҷаласаи номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ” бароварда шуда, ба реҷаи “мониторинги муқаррарӣ” дохил карда шуд.

«Ҳамзамон, Котиботи ФАТФ дар ҷаласаи навбатии худ, ки моҳи июни соли равон баргузор намуда буд, ин комёбии ҷумҳуриро оиди ҷамъбасти рушди низоми мазкур тасдиқ кард ва хулосаи хешро барои баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон дар ин ҷода эълон намуд», – зикр мегардад дар хабари Бонки миллии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл

дар рейт



инги

кишварҳои дорои хатари зиёди пулшӯйӣ, ки тариқи ҷинояткорӣ, терроризм ва маблағгузорӣ ба терроризм ба даст омадааст, Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд. Рейтинги «


The Basel AML Index 2014


» аз ҷониби  Пажӯҳишгоҳи шаҳри Базели Швейтсария омода гардидааст.

spot_imgspot_img

Популярное