Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо супориши президенти мамлаки Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз озими Туркия шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар Туркия Қоҳир Расулзода дар маросими савгандёдкунии президенти нави ин кишвар Раҷаб Тайип Эрдуғон ширкат мекунад.
Маросими тантанавии сари мансаб омдани сарвари нави давлати Туркия рӯзи 28-уми август соати 14-00 ба вақти маҳаллӣ (16-00 ба вақти Душнбе) доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми август дар Туркия президенти навро интихоб намуданд. Бори нахуст дар кишвар овоздиҳӣ тариқи раъйдиҳии мустақим баргузор шуд. Қаблан президент дар парлумон интихоб мешуд. Дар интихобот нахуствазири амалкунандаи кишвар Раҷаб Тайип Эрдуғон бо касби 52%-и овозҳо ғолиб омад.



