Талаби 10 соли зиндон ба қотили хонандаи мактаб



Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи куштори хонандаи мактаби таҳсилоти умумии №54-и пойтахт Бурҳониддин Зарифов дар суди ноҳияи Сино айбдоркунандаи давлатӣ аз суд талаб кард, ки гунаҳкори асосии ин куштор ба 10 соли зиндон маҳкум карда шавад. Дар ин мурофиа 11 нафар дар курсии айбдорӣ ҷавоб мегӯянд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт

ба кордзанӣ табдил ёфта

, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Баъдан гунаҳкори асосӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-сола

ба гуноҳаш иқрор шуда

, ба ҳабс гирифта шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Фирӯз Бобохонов зимни сухаронӣ аз суд Абдукарим Холиқов тақозо намуд, ки Бобоҷон Ҳомидови 17-сола, ки пас аз синфи 9-ум мактабро тарк карда, дар ҷое таҳсил намекунад, мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ ба муҳлати 10 сол аз озордӣ маҳрум карда шавад.

Ҳамчунин прокурор талаб кард, ки нисбати дигар иштирокчиёни ин муноқиша навъҳои гуногуни ҷазо, аз ҷумла нисбати Комрон Холов ва Сино Қаҳҳоров ҷазои ба муддати 160 соат ба корҳои маҷбурӣ ҷалб намудан татбиқ гардад.

Нисбати Аъзамҷон Рабиев, Алимат Алиназаров, Толибхон Авазов, Беҳрӯз Одинаев, Маҳмадшариф Ҳомидов, Баҳрулло Асоев, Ҷамолиддин Холназаров, Икром Холназаров ва Собир Солеҳов прокурор аз суд дархост намуд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар ҳаҷми 1000 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное