Тавофуқоти Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сохтмони роҳҳо



Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек таҳти раҳбарии муовинони нахуствзирони Қирғизистону Тоҷикистон Абдураҳмон Маматалиев ва Муродалӣ Алимардон ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳарду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардид.

Бино ба иттилои портали расмии ҳукумати Қирғизистон, аз рӯи натоиҷи ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расидааст, ки мувофиқи он ҷонибҳо дар бораи дар як вақт оғоз намудани сохтмони роҳи мошингарди Кӯк-Тош – Оқсой – Тамдик – Кишемиш (бидуни убури деҳаи Тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва варианти чоруми дубора таҳияшудаи буриши роҳи мошингарди Исфара – Ворух (бидуни убури деҳаи Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон) тавофуқ ҳосил намудаанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба сохтмони ду пул ва қитъаҳои ҳамшафати роҳи мошингарди он то 5-уми сентябри соли 2014 бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз 31-уми марти соли 2014 тибқи харитаи тасдиқшудаи хатсайр низ ба созиш расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, перомуни фароҳам овардани шароити мусоид барои сохтмони роҳҳои мошингард бо шумули ба макони дигар кӯчонидани дидбонгоҳҳои марзӣ ва дастаҳои марзбонон дар минтақаи сохтмон роҳҳо низ тасмим гирифта шудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи муноқишаи чанде қабл рухдода дар қитъаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷонибҳо маълумоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ва Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, доир ба таъсиси комиссияи муштарак (гурӯҳи фаврии тафтишотӣ) оид ба тафтиши тамоми муноқишаҳои рухдода дар марз аз моҳи январи соли 2014 ба тавофуқ расидаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бар асоси протоколҳои қаблан баимзорасида ҷонибҳо оид ба фаъолсозии ҷараёни корҳои таъйин ва аломатгузории марз ва харитаву тарҳҳои хатти марзи ҳарду кишвар, ки мавриди омӯзиш қарор доранд, табодули назар намудаанд.

Ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳарду кишвар дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное