Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон суди вилояти Хатлон маҳбус Умед Тешаевро барои қатли бераҳмонаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Кӯлоб полковник Умар Қаюмов ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд.
Ахири моҳи июл Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди вилояти Хатлон аз 8-уми апрели соли равон нисбати Умед Тешаевро, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд, бекор кард.
Суди олӣ қарори бекор кардани ҳуки суди вилояти Хатлонро бо он маънидод кард, ки барои маҳкумшуда чунин ҳукм «сабук шуморида мешавад». Баъди ин парвандаи Тешаев ба баррасии дубора фиристода шуд.
Ёдрас мекунем, ки сартарош Умед Тешаев моҳи августи соли 2013 барои бераҳмона қатл намудани Абдурасул Алиев ба муҳлати 17,5 соли зиндон маҳкум шуда, интиқол ба муассисаи ислоҳии муайянро интизорӣ дошт. Он замон ташхис нишон дода буд, ки пас аз 10 зарбаи корд ҷабрдида ба ҳалокат расида буд, вале Тешаев бераҳмона бо корд боз 47 зарбаи дигар зада буд.
Санаи 16-уми феврал маҳкумшуда Умед Тешаев барои дуруст кардани муйи сар ба назди сардори тавқифгоҳи муваққатӣ полковник Умар Қаюмов даъват шуда, бо қайчӣ ба бадани ӯ беш аз 20 зарбаи марговар зад.



