Палатаи ҳисоб фаъолияти Tethys дар Тоҷикистонро тафтиш кард

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон оид ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2014 ҳисобот интишор намуд, ки аз ҷониби шуъбаи тарҳрезӣ, таҳлил, методология, аудит ва робитаҳои байнулмилалии палата омода шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Палатаи ҳисоби ҶТ, ба ҷуз вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, фаъолияти намояндагиҳои ҶСК «Кӯлоб Петролиум» ва ҶДММ «Тетис Сервисез Тоҷикистон Лимитед» дар […]

Заррина Эргашева



Палатаи ҳисоби Тоҷикистон оид ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2014 ҳисобот интишор намуд, ки аз ҷониби шуъбаи тарҳрезӣ, таҳлил, методология, аудит ва робитаҳои байнулмилалии палата омода шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Палатаи ҳисоби ҶТ, ба ҷуз вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, фаъолияти намояндагиҳои ҶСК «Кӯлоб Петролиум» ва ҶДММ «Тетис Сервисез Тоҷикистон Лимитед» дар давраи солҳои 2007-2013 низ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, санҷиш бар асоси мактуби Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2014 гузаронида шудааст.

«Дар натиҷаи санҷиш аз ҳисоби рӯйпӯш намудани андозҳо дар фаъолияти ҶСК «Кӯлоб Петролиум» дар ҳаҷми 1 млн. 502,3 ҳазор сомонӣ ва дар фаъолияти ҶДММ «Тетис Сервисез Тоҷикистон Лимитед» ба маблағи 263,2 ҳазор сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор гардид, ки дар ҷараёни тафтиш аз ҳисоби ширкатҳо маблағи 1 млн. 578,7 ҳазор сомониии зиён барқарор карда шуд», – зикр мегардад дар ҳисобот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.