Ҳукми ҳабси абад ба маҳбуси гунаҳкор дар қатли сардори СИЗО

Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон суди вилояти Хатлон маҳбус Умед Тешаевро барои қатли бераҳмонаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Кӯлоб полковник Умар Қаюмов ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд. Ахири моҳи июл Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди вилояти Хатлон аз 8-уми апрели соли равон нисбати Умед […]

ASIA-Plus



Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон суди вилояти Хатлон маҳбус Умед Тешаевро барои қатли бераҳмонаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Кӯлоб полковник Умар Қаюмов ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд.

Ахири моҳи июл Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди вилояти Хатлон аз 8-уми апрели соли равон нисбати Умед Тешаевро, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд, бекор кард.

Суди олӣ қарори бекор кардани ҳуки суди вилояти Хатлонро бо он маънидод кард, ки барои маҳкумшуда чунин ҳукм «сабук шуморида мешавад». Баъди ин парвандаи Тешаев ба баррасии дубора фиристода шуд.

Ёдрас мекунем, ки сартарош Умед Тешаев моҳи августи соли 2013 барои бераҳмона қатл намудани Абдурасул Алиев ба муҳлати 17,5 соли зиндон маҳкум шуда, интиқол ба муассисаи ислоҳии муайянро интизорӣ дошт. Он замон ташхис нишон дода буд, ки пас аз 10 зарбаи корд ҷабрдида ба ҳалокат расида буд, вале Тешаев бераҳмона бо корд боз 47 зарбаи дигар зада буд.

Санаи 16-уми феврал маҳкумшуда Умед Тешаев барои дуруст кардани муйи сар ба назди сардори тавқифгоҳи муваққатӣ полковник Умар Қаюмов даъват шуда, бо қайчӣ ба бадани ӯ беш аз 20 зарбаи марговар зад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.