Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба шаҳрати Ваҳдат омад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар яке аз мавзеъҳои зебою фарохи канори шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ ва як мактаб барои 1240 хонанда оғози расмӣ бахшид.
Чунонки иттилоъ доданд, майдони асосии варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии 3,5 гектар бунёд меёбад, дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.
Варзишгоҳи марказӣ ҳамчунин аз майдонҳои хурду миёнаи дигар, толорҳои гуногуни варзишӣ ва толору ҳуҷраҳои таъиноти мухталиф иборат мешавад.
Мактаби нав бошад барои 1240 хонанда бо навтарин шароити таълиму тарбия бунёд ёфта, аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар толору утоқҳои корӣ иборат хоҳад буд. Ҳамин гуна мактаби замонавӣ барои 1240 хонанда дар деҳаи навбунёди Истиқлоли шаҳри Ваҳдат бунёд меёбад, ки санги асосаш моҳи апрели соли равон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Ҳоло корҳои заминӣ барои оғози сохтмони он бо суръати баланд идома дорад.
Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 150 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад ва 6 мактаби наву 63 синфхонаи иловагӣ дар ҳоли сохмон қарор доранд.
Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат, ки иншооти сеюми бузург дар ҳамин мавзеъ хоҳад буд, лоиҳааш бо диду нигоҳи нав ва усулҳои замонавӣ таҳия гардидааст.
Ин маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ дорои чойхонаи миллӣ, майдончаҳои бозию дилхушӣ бо атраксионҳои гуногун, фаввораҳои зебо ва дигар унсурҳои зарурӣ мешавад.
Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 3,5 гектар доман паҳн намуда, ба беҳтарин мавзеи сайру гашт ва фароғату дилхушии сокинону меҳмонони шаҳри Ваҳдат табдил хоҳад ёфт.
Муҳлат барои анҷоми сохтмони ин иншоот 2 сол, яъне то моҳи сентябри соли 2016 ва рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муайян шуд.
Дар ин шаҳраки навбунёд, ки масоҳати умумиаш 37 га мешавад, ҳамчунин 22 бинои истиқоматии аз 9 то 12-ошёна, меҳмонхона бо 300 ҷойи хоб, кӯдакистон барои 340 кӯдак ва иншооти дигар бунёд хощад ёфт.
Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки бо бунёд ёфтани ин шаҳраки муосир ва дигар иншооти сершумор шаҳри Ваҳдат пас аз чанд соли дигар ба яке аз зеботарин шаҳрҳои Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Дар мавзеи сохтмони варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби варзишгарони касбӣ ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим намоиши бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ ороста шуд.



