Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати шавҳари зани дар кошонаи ҳусн худро овехта



Мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева, ки дар ҷойи кориаш даст ба худкушӣ зад, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Зан худро дар ҷойи корӣ, дар толори яке аз кошонахои ҳусни пойтахт ба дор овехта буд.

Прокурори ноҳияи Шоҳмансур Умед Каримзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбати Икром Сатторов, шавҳари зани ҷавон мутобиқи моддаи 109 (Ба худкушӣ расонидан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бо ишора ба махфӣ будани сирри тафтишот, прокурор аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми август корманди кошонаи ҳусни «Фарида», воқеъ дар хиёбони Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, модари ду фарзанд Шаҳло Рустамхоҷаева ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ дарро аз дарун баста, худро ба дор овехта буд.



Акс аз радиои «Озодӣ»

spot_imgspot_img

Популярное