Палатаи ҳисоби Тоҷикистон оид ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2014 ҳисобот интишор намуд, ки аз ҷониби шуъбаи тарҳрезӣ, таҳлил, методология, аудит ва робитаҳои байнулмилалии палата омода шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Палатаи ҳисоби ҶТ, ба ҷуз вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, фаъолияти намояндагиҳои ҶСК «Кӯлоб Петролиум» ва ҶДММ «Тетис Сервисез Тоҷикистон Лимитед» дар давраи солҳои 2007-2013 низ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Гуфта мешавад, санҷиш бар асоси мактуби Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2014 гузаронида шудааст.
«Дар натиҷаи санҷиш аз ҳисоби рӯйпӯш намудани андозҳо дар фаъолияти ҶСК «Кӯлоб Петролиум» дар ҳаҷми 1 млн. 502,3 ҳазор сомонӣ ва дар фаъолияти ҶДММ «Тетис Сервисез Тоҷикистон Лимитед» ба маблағи 263,2 ҳазор сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор гардид, ки дар ҷараёни тафтиш аз ҳисоби ширкатҳо маблағи 1 млн. 578,7 ҳазор сомониии зиён барқарор карда шуд», – зикр мегардад дар ҳисобот.



