Суғд: Гумонбарии роҳбари кумитаи заминсозии шаҳри Истиқлол ба қаллобӣ



Роҳбари кумитаи заминсозии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба қаллобӣ ва ба ин восила азхудкунии 32 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни фаъолият ба ҳайси муҳандиси КВД «Суғдзаминсоз» аз соли 2002 то соли 2010 К.О. бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба боварии А.И., сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада бо ваъдаи ҷудо кардани 0,10 га қитъаи замин барои шоликорӣ аз ӯ 15 ҳазор доллари ИМА маблағ мегирад ва онро барои эҳтиёҷоти худ масраф мекунад.

«Бо ҳамин восита ӯ аз сокини дигари ҳамин ноҳия А.Ф. низ 17 ҳазору 400 доллари ИМА гирифта, онро азхуд кардааст», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати роҳбари кумитаи заминсозии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд К.О. мутобиқи моддаи 247, қисми 4, банди «Б» (Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 74 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 47 далел) ба қайд гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное