– Зимни таҳияи лоиҳаҳои минбаъда оид ба рушд дар Тоҷикистон Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро зарур аст, ки бештар ба фарогирӣ (инклюзивӣ) ва устувории онҳо таваҷҷуҳ зоҳир созад, – гуфта мешавад дар гузориши нави таҳияшуда аз ҷониби Департаменти арзёбии мустақили Бонки осиёгии рушд.
Ин гузориш арзёбии нахустини мустақили барномаи кумаки БОР дар Тоҷикистон аз замони узвияти кишвар ба бонк дар соли 1998 то моҳи октябри соли 2013-ро дар бар гирифта, ҳадафи аслиаш беҳбуди самаранокии кумаки БОР барои рушд мебошад.
Дар гузориш дар маҷмӯъ барномаи кумаки БОР дар кишвар муваффақ арзёбӣ шудаааст. «БОР бо сармоягузорӣ ба бахшҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳо рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, аммо усуутвории баъзе сармоягузориҳо метавонанд шубҳанок бошанд ва аз ин рӯ, таҳкими имконоти молӣ ва ниҳодии кишвар барои беҳбуди устуворӣ зарур аст», – омадааст дар гузориш.
Гуфта мешавад, дастгирии БОР дар самти ҳамкории минтақавӣ ба беҳтар шудани савдои нерӯи барқ ва дигар маҳсулот кумак кард, ҳарчанд хатарҳо ба ҳамкориҳои минтақавӣ метавонанд ба натиҷаҳои барномаи БОР таъсиргузор бошанд. «Бо нигаҳдории бетарафии сиёсӣ, БОР-ро зарур аст, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои нав хатарҳои имконпазири асосиро арзёбӣ намуда, мувофиқи имкон тадбирҳои сабуккунанда пеш гирад», – қайд мешавад дар гузориш.
Зикр мегардад, ки БОР тариқи талошҳои фароҳам овардани шароити мусоид, рушди бахши хусусӣ ва шарики давлати-хусусиро дастгирӣ мекунад, лекин то ҳанӯз ба бахши хусусӣ дар Тоҷикистон сармоягузории мустақим пешниҳод накардааст. «Дар беҳбуди муҳити сармоягузорӣ БОР-ро зарур аст, ки шакли идоракуниро беҳтар намояд», – зикр мегардад дар ҳисобот.
Ҳамчунин дар гузориш тавсия дода мешавад, ки дар масоили тағйирёбии иқлим ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои бештар осебпазир ба тағйири иқлим аст, кумаки БОР бояд таҳкиму густариш ёбад.
Қайд мешавад, ки дар ин давра БОР 38 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 1 млрд. доллари ИМА дар Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки қариб 61%-и онҳо бар асоси бурсӣ пешниҳод шудаанд. Қариб 42%-и кумак ба бахши нақлиёт, 24% – ба соҳаи энергетика, 9% ба бахши кишоварзӣ ва 8% ба соҳаи идоракунии бахши давлатӣ пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин ба маблағи умумии 46,4 млн. доллари ИМА 69 лоиҳаи кумаки техникӣ пешниҳод шудааст.
Департаменти арзёбии мустақил ба сиёсат, стратегия ва лоиҳаҳои БОР дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором баҳогузорӣ мекунад. Тариқи робита мутақобила ва машғулиятҳои арзёбӣ он ба беҳбуди сааранокии кумак ёрӣ мерасонад. Аз соли 2004 ин Департамент тавассути Кумита оид ба самаранокии рушд назди Шӯрои мудирони БОР ҳисобот медиҳад.
Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,1 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.
Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила (пойтахти Филипин) воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором воқеанд. Соли 2013 ҳаҷми умумии кӯмаки молии аз ҷониби БОР маъқулшуда бо шумули маблағгузории шарикӣ ба миқдори 6,6 млрд. доллари ИМА, дар маҷмӯъ 21 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.



