Пас аз муроҷиати Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба президенти мамлакат, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб бо ӯ мулоқот кард.
Раиси ҲСДТ, роҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, ки аз манфиатҳои адвокат Шуҳрат Қудратов ҳимоя мекунад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар мулоқот бо Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷузъиёти парвандаи марбут ба зерҳимояаш Шуҳрат Қудратовро баррасӣ кардаанд. «Ҳамчунин масъалаи шаффофона ҷараён гирифтани тафтишоти пешакӣ ва судии парвандаро низ баррасӣ кардем», – иброз дошт вай.
Ба гуфтаи Зойиров, ҳамчунин мувофиқа ҳосил шудааст, ки ба парвандаи Қудратов кинаву хусумати шахсии тарафҳо таъсиргузор нахоҳад буд.
«А.Ғоиб зикр кард, ки ин вохӯрӣ барои ҳамкории ниҳодҳои мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва сохторҳои давлатӣ ҳамчуни пул хизмат хоҳад кард. Ӯ қайд кард, ки мо як ҳадаф дорем – мубориза бо ҷинояткорӣ. Ин вохӯрӣ як қадами муайян ба ҳамкории созанда аст», – афзуд Зойиров.



