Барқияи табрикии Э.Раҳмон ба президенти Қирғизистон



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон ба президенти ин кишвар Алмазбек Атамбаев барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «Қирғизистон барои Тоҷикистон ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мо барои тавсеа ва таҳкими муносибот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои анъанаҳои бойи таърихианд, ҳавасмандем».

«Умедворам, ки ба мо муяссар мешавад якҷоя шарикии кишварҳоямонро, ки ҷовобгӯи аслии манфиатҳои ду халқи бародар аст, таҳким бахшем», – омадааст дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон.

spot_imgspot_img

Популярное