Ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштани кормандони сохторҳои қудратӣ

Шурӯъ аз имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қуратии Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти мазкур хабар дод, барои таъмини амнияту бехатарии чорабиниҳо бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ (9-уми сентябр) ва нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ (11-12-уми сентябр), аз чунин тадбир кор гирифта […]

Аваз Юлдошев



Шурӯъ аз имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қуратии Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти мазкур хабар дод, барои таъмини амнияту бехатарии чорабиниҳо бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ (9-уми сентябр) ва нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ (11-12-уми сентябр), аз чунин тадбир кор гирифта шудааст.

«Тамоми хиёбону кӯчаҳо, майдону гулгаштҳои пойтахт, макони баргузории чорабиниҳои нишасти СҲШ, ҷойҳои ҷамъшавии издиҳоми мардум ва иншооти муҳими давлатӣ таҳти назорат ва посбонӣ гирифта шуда, пойтахти кишвар шабона аз ҷониби дастаҳои тақвиятшудаи сохторҳои қудратӣ назорату посбонӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои баргузории нишасти СҲШ ба пойтахт нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ аз манотиқи кишвар сафарбар мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.